DAAD | Таҳсил дар Олмон
  DAAD Informationszentrum Duschanbe Tajikistan
 



DAAD IC Dushanbe



 
Таҳсил дар Олмон Home


Даҳ қадам сӯи таҳсил дар Олмон


Донишгоҳҳои Олмон интихоби бузурги барномаҳои омӯзиширо пешкаш менамоянд. Кулли онҳо сифати олидараҷаи таҳсилро пешниҳод менамоянд. Чунин гуногунӣ интихобро душвортар мегардонад, мо ба Шумо кӯмак мерасонем.

Муфассал: www.daad.de/deutschland/nach-deutschland/de/

Маслиҳати муфид барои интихоби барномаҳои омӯзиши ва донишгоҳ:
How to choose a university.pdf
- бо забони анлисӣ
Wie wähle ich eine Hochschule.pdf - бо забони олмонӣ








Коллеҷҳои тайёрӣ ба таҳсил

Шаҳодатнома оиди маълумоти миёна, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон дода мешавад, барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Олмон кофӣ нест. Довталабон аз Тоҷикистон бояд дар донишгоҳҳои Тоҷикистон на кам аз 1-2 сол таҳсил кунанд ва танҳо баъд аз ин ҳуқуқи дохилшавиро ба курси аввал аз ихтисоси худ доро мешаванд. Хатмкунандагони мактабҳои махсус бо омӯзиши амиқи забони олмонӣ (Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар Душанбе, Гимназияи ба номи Гёте ва Гимназияи "Сафина" дар шаҳри Хуҷанд) ба шарти дониши хеле хуб ва доштани сертификати DSD-B1 ё Goethe Institut Zertifikat B1 метавонад ба ҷои таҳсили дусола дар донишгоҳи Тоҷикистон баъд аз мактаб якбора ба коллеҷи тайёрӣ ба таҳсил (Studienkolleg) дохил шаванд ва имтиҳони ниҳоӣ (Feststellungsprüfung)-ро супоранд. Натиҷаи хуби имтиҳонот дониши хуби довталабро тасдиқ менамояд ва барои давом додани таҳсил дар донишгоҳ имконият медиҳад. Имтиҳон аз якчанд фанҳо, ки ба ихтисоси интихобшуда наздик аст, супорида мешавад.

Таҳсил дар чунин коллеҷҳо ба забони олмонӣ, дар шакли гурӯҳҳо ба роҳ монда шуда, аз 30-32 соат дар ҳафта иборат аст. Иштирок дар дарсҳо ҳатмӣ аст. Таҳсил ройгон аст, донишҷӯён танҳо маблағи семестриро пардохт мекунанд.

Барои шахсоне, ки дар Олмон ба забони англисӣ таҳсил кардан мехоҳанд ва дониши хуби забони анлисиро доранд,барномаҳои махсуси Freshman назди Донишгоҳи илмҳои дақиқ ш. Аахен ва Foundation Year назди Донишгоҳи ш. Бремен тартиб дода шудаанд. Аз сабаби ягонагиашон, ин барномаҳо ройгон нестанд, аммо барои донишҷӯёни бомуваффақият идрорпулиҳо ҷудо карда мешаванд.


Маблағгузории иқомат дар Олмон

Хароҷотҳои миёнаи донишҷӯ дар Олмон тақрибан ба 650-800 Евро дар як моҳ баробар аст. Ҳаҷми маблағ вобаста аз тарзи ҳаёт ва чои истиҷомат гуногун шуда метавонад. Дар шаҳрҳои чун Мюнхен, Ҳамбург, Дюсселдорф ва Кӯлн хароҷоти зиндагӣ зиёдтар шуда метавонад.

Нархҳои тақрибии хароҷоти эҳтимолӣ:
Иҷораи хона (бо хизматрасониҳои коммуналӣ): 298 Eвро
Хӯрокворӣ: 165 Eвро
Либос: 52 Eвро
Истифодаи воситаи нақлиёт: 82 Eвро
Суғуртаи тиббӣ. Муолиҷа. Доруворӣ: 66 Eвро
Телефон/Интернет/Радио-TV: 33 Eвро
Маводи таълимӣ: 30 Eвро
Вақти холӣ, фарҳанг, варзиш: 68 Eвро
Сумма: 794 Eвро

Барои дастраси раводиди таҳсилӣ, дар баробари дигар талабот, донишҷӯён бояд тасдиқ кунанд, ки таҳсили худро маблағгузорӣ карда метавонанд. Ҳамчун далел суратҳисоби махсуси маҳдудкардашуда дар Deutsche Bank бо маблағи 7.908 Евро барои як сол қабул карда мешавад.

Муфассал:
https://www.study-in.de/de/studium-planen/voraussetzungen/8000-euro-fuer-ein-jahr_27533.php


Дастраси раводид


Барои дастрас намудани раводиди таҳсилӣ ба Консулгарии Сафорати Олмон муроҷиат кардан лозим аст. Маълумот оиди талабот ва дархостсупорӣ дар сомонаи Сафоратхонаи Олмон манзури дидан аст.

Ҳамкории консулгарии Сафорати Олмон ва Маркази иттилоотии DAAD - бо ҳамаи хоҳишмандоне, ки бо мақсади таҳсил ё омӯзиши забон ба Олмон сафар кардан мехоҳанд, Маркази иттилоотии DAAD сӯҳбати машваратии ройгонро пешниҳод менамояд, ки дар натиҷаи он протоколи сӯҳбат тартиб дода мешавад. Протокол барои дастраси раводид таъсири мусбӣ расонида метавонад.

Муфассал: www.duschanbe.diplo.de/Vertretung/duschanbe/ru/07/Visabestimmungen/nat.Visa/Studium__natVisa__rus.html


Links























Хотите получать нашу
рассылку?
Напишите нам:  
newsletter@daad.tj