DAAD | Маркази иттилоотӣ дар Душанбе
DAAD Informationszentrum Duschanbe Tajikistan
 



DAAD IC Dushanbe




















 
 

Санаи сохтани сомона:
12.09.2005

 

 

 
Маркази иттилоотии DAAD Душанбе Home

Робита
Маркази иттилоотии DAAD Душанбе

кӯчаи Советӣ 107
734001 Душанбе
+992 37 2276556
info@daad.tj
www.daad.tj
www.daad.de
www.facebook.com/DAAD.IC.Dushanbe

Вақти қабул:
Душанбе: 10:00-12:00 ва 14:00-17:00
Сешанбе: 10:00-12:00 ва 14:00-17:00
Чоршанбе: 10:00-12:00 ва 14:00-17:00
ва мувофиқи қайди пешакӣ
Таҳсил ва тадқиқот дар Олмон -
аз системаи аввалиндараҷаи маориф ва муассисаҳои бошӯҳрати тадқиқотӣ истифода баред, забони нави хориҷӣ биомӯзед ва дар мамлакати ҷадид, муосир, нируманд ва дорои анъанаи бой таҷриба ба даст оред!

Бохабар будед, ки аксари донишгоҳҳои Олмон барои омӯзиш маблағ талаб намекунанд ва Шумо таҳсили худро бо забони англисӣ ё олмонӣ хатм карда метавонед?

Муассисаҳои илмӣ ва китобхонаҳои ба дараҷаи олӣ ҷиҳозонидашуда, омӯзиши аълосифат, инфраструктураи барҷаста, арзиши миёнаи воситаҳои зиндагӣ ва сифати тасдиқшудаи байналмилалӣ новобаста аз миллати Шумо айни ҳол дар ихтиёри Шумо мебошанд. 415 донишгоҳҳои олмонӣ зиёда аз 16.500 барномаҳои таълимӣ пешкаши Шумо мегардонанд.

Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) иттиҳоди мактабҳои олии Олмон ва калонтарин муассисае ба ҳисоб меравад, ки ҳамкории байналмиллалии мактабҳои олиро дастгирӣ мекунад. Вазифаи асосии DAAD дастгирии муносибатҳои академӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ, дар мадди аввал тавассути мубодила байни донишҷӯён ва олимон мебошад.

Маркази Иттилоотии DAAD дар Душанбе назди Сафаротхонаи Олмон дар доираи созишномаи фарҳангии Чумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон амал мекунад.

Маркази Иттилоотии DAAD дар Душанбе ягона муассисаи расман вазифадоркардашуда дар Тоҷикистон мебошад, ки доир ба таҳсил ва тадқиқот дар Олмон маълумот медиҳад. Машварат ва кулли маводҳои маълумотӣ ройгон мебошанд. Ҳангоми пайдошавии саволҳои иловагӣ, мо метавонем ба онҳо шахсан, тавассути почтаи электронӣ ё телефон посух гардонем.


Маълумоти муфассалтар...


Impressum
Links























Ба хабарномаи мо
обуна шудан мехоҳед
?
Бо мо тамос гиред:  
newsletter@daad.tj