DAAD | Тадқиқот дар Олмон
  DAAD Informationszentrum Duschanbe Tajikistan
 



DAAD IC Dushanbe



 
Тадқиқот дар Олмон Home


Тадқиқоти илмӣ ва ҳимояи рисолаи илмӣ дар Олмон


Унфонҷӯён, олимони ҷавон ва ботаҷриба дар Олмон имкониятҳои олидараҷа барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ дарёфт карда метавонанд. Донишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ, муассисаҳои давлатӣ ва шахсии ғайридонишгоҳии илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои калонтарини илмӣ ба монанди Хадамоти мубодилаи илмии Олмон (DAAD)ва Ҷамъияти илмӣ-тадқиқотии Олмон (DFG)олимони ҷавонро бо идрорпулиҳо ва ҷойҳои корӣ дастгирӣ мекунанд.
Дар соҳаи саноатӣ ва муассисаҳои хурду миёна низ имконияти инкишофёбии бомуваффақияти олимони ҷавон вуҷуд дорад. Муассисаҳои зиёди соҳаи тадқиқоти амалӣ бо мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳо ҳамкории зич доранд.


Маълумот барои аспирантон


Ҳар сол Шумораи зиёди унвонҷӯён рисолаи илмии худро дар Олмон ҳимоя мекунанд, ки ин аз дигар давлатҳои Аврупо ба маротиб зиёдтар аст. Миқдори олимони ҷавоне, ки дар чорчӯбаи барномаҳои мубодилаи илмӣ барои гузаронидани тадқиқот ё таҳсил дар аспирантура ба Олмон меоянд, низ сол аз сол меафзояд. Вобаста аз ихтисос, лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ ва шакли донишгоҳ имкониятҳои гуногун вуҷуд доранд.

Роҳҳо ба рисолаи илмӣ | Ҷустуҷӯи имконият
Дар Олмон барои ба даст овардани унвони илмӣ ҳар гуна роҳҳо ҳастанд. Пеш аз ҳама, барномаҳои аспирантӣ ба индивидуалӣ ва структуравӣ ҷудо мешаванд. Шакли индивидуалии барномаи аспирантӣ шакли маъмултарин мебошад, аммо барномаҳои структуравӣ низ сол аз сол паҳн шуда истодаанд.
Агар Шумо дар ҷустуҷӯи имкониятҳои гузаронидани тадқиқоти илмӣ қарор дошта бошед, бонки додаҳои DAAD барои дарёфти барномаҳои мувофиқ ёрӣ медиҳанд.
Муфассал: Бонки додаҳои DAAD "PhDGermany" ва Бонки додаҳои DAAD "International Programmes in Germany"

Имкониятҳои маблағгузорӣ | Андозаи хароҷот чӣ гуна аст?
Барои гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва ҳимояи рисолаи илмӣ дар мактабҳои олии Олмон маблағи таҳсил талаб карда намешавад. Ҳангоми дархостсупорӣ барои гирифтани раводид барои истикомати тадқиқотӣ дар Олмон аз ҳисоби худ (бе идрорпулӣ) бояд тасдиқномаи худмаблағгузорӣ дар андозаи 8.000 Евро барои як сол пешниҳод карда шавад.
Муфассал: https://www.study-in.de/de/studium-planen/voraussetzungen/8000-euro-fuer-ein-jahr_27533.php


Маълумот барои олимони ҷавон


Олимони ҷавон дар Олмон имкониятҳои олидараҷа барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ дарёфт карда метавонанд. Донишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ, муассисаҳои давлатӣ ва шахсии ғайридонишгоҳии илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои калонтарини илмӣ олимони ҷавонро бо идрорпулиҳо ва ҷойҳои корӣ дастгирӣ мекунанд.
Дар соҳаи саноатии илмӣ ва муассисаҳои саноатии хурду миёна низ имконияти инкишофёбии бомуваффақияти олимони ҷавон вуҷуд дорад. Муассисаҳои зиёди соҳаи тадқиқоти амалӣ бо мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳо ҳамкории зич доранд.

Муфассал: www.research-in-germany.de/junior-researchers


Маълумот барои олимони ботаҷриба


Олимони баландтаҷриба дар Олмон заруранд. Олмон сарзамини навовароҳост ва илму тадқиқот захираҳои асосии он мебошанд. Дар соҳаи илму тадқиқот дар Олмон зиёда аз 530.000 нафар фаъолият мекунанд. Зиёда аз 300.000 олимон ҳамчун профессор, дотсент, ассистент, коркуни илм, ё омӯзгор дар мактабҳои олии Олмон кор мекунанд, аз ин миқдор зиёда аз 200.000 нафарашон ҳамчун коргарони муқимӣ. Олимони хориҷӣ низ шароити беҳтарини кор ва фаъолият дар соҳаҳои илм, омӯзиш ва тадқиқот пайдо менамоянд.
Тадқиқот дар Олмон ба сатҳи байналмиллалӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба олимони хориҷӣ имкониятҳои зиёдро фароҳам меоварад.

Муфассал: www.research-in-germany.de/senior-researchers


Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ


Дар Олмон шумораи зиёди созмонҳо вуҷуд доранд, ки дар соҳаи тадқиқоту кашфиёти илмӣ фаъолият мекунанд: донишгоҳҳо, мактабҳои олии махсусгардонидашуда, муассисаҳои ғайридонишгоҳӣ, муассисаҳои саноатӣ ва ҳамчунин ташкилотҳои фадаралӣ ва заминӣ. Ба ҳисоби умумӣ, дар Олмон тақрибан 800 муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ вуҷуд доранд, ки фаъолияташон аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, марказҳои зиёди тадқиқотӣ ва кашфиётӣ таҳти роҳбарияти муассисаҳои саноатӣ амал мекунанд.

Ҷамъияти Фраунҳофер: www.fraunhofer.de

Иттиҳодияи Марказҳои илмӣ-тадқиқотии Олмон ба номи Ҳелмҳолтс: www.helmholtz.de

Ҷамъияти Лейбнитс: www.leibniz-gemeinschaft.de

Ҷамъияти Макс Планк оид ба тадқиқотҳои илмӣ: www.mpg.de

Академияҳои илмҳо: www.akademienunion.de

Ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии федералӣ: www.bmbf.de/de/6696.php

Ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии заминӣ: www.bmbf.de/de/6712.php

Муассисаҳои саноатӣ / тадқиқоти саноатӣ: www.research-in-germany.de/companies

Ҷамъияти кории иттиҳодияҳои тадқиқотии соҳаҳои саноат – AiF: www.aif.de

Сохторҳо ва гурӯҳҳо: www.clusterplattform.de

Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ: www.research-in-germany.de/infrastructures


Дастгирии тадқиқоти илмӣ


Тадқиқоти илмӣ дар Олмон аз тарафи идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла, миқдори зиёди муассисаҳои ғайридавлатӣ ва инвесторони шахсӣ дастгирӣ карда мешавад, .

Барномаҳои маблағгузор ва бонки додаҳо оиди ҷустуҷӯи барномаҳо
Бонки додаҳои DAAD: www.funding-guide.de
Барномаҳои интихобшудаи маблағгузори тадқиқот: www.research-in-germany.de/funding_programmes
Рӯйхати бонки додаҳо барои ҷустуҷӯи барномаҳо: www.research-in-germany.de/funding_databases

Ташкилотҳои маблағгузори Олмон
Хадамоти мубодилаи илмии Олмон (DAAD): www.research-in-germany.de/funding-daad
Ҷамъияти илмӣ-тадқиқотии Олмон (DFG): www.research-in-germany.de/funding-dfg
Созмони Александр Ҳумболдт: www.research-in-germany.de/funding-avh
Дигар созмонҳо: www.research-in-germany.de/funding_organisations
Links























Хотите получать нашу
рассылку?
Напишите нам:  
newsletter@daad.tj