DAAD | Дар бораи мо
  DAAD Informationszentrum Duschanbe Tajikistan
 



DAAD IC Dushanbe



 
Дар бораи мо Home


Маркази Иттилоотии DAAD дар Душанбе

Пуриқтидорӣ, рушди босуръати иқтисодӣ ва тавоноии инноватсионии Олмон дастоварди мутахассисонии бомаҳорат, ландшафти фаъоли илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи илмӣ мебошад.

Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) иттиҳоди мактабҳои олии Олмон ва калонтарин ташкилоти умумиҷаҳонӣ мебошад, ки ҳамкории байналмиллалии мактабҳои олиро дастгирӣ мекунад. Ба он 236 мактаби олӣ ва 124 ташкилотҳои донишҷӯён тааллуқ доранд. Ғайр аз ин, DAAD намояндагии миллӣ барои барномаҳои мутаҳаррики Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Буҷети DAAD дар солҳои охир мунтазам зиёд гардида истодааст ва аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Олмон, Вазорати федеролии маориф ва тадқиқот, Вазорати федеролии ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар сармоягузорон маблағгузорӣ карда мешавад.

Аз аввали таъсисёбии DAAD дар соли 1925 то имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар барои олимон ва донишҷуён зиёда аз 1,5 миллион идрор ҷудо карда шудааст. Соли 2012 DAAD дар тамоми олам зиёда аз 75.000 олмониён ва хориҷиёнро дастгирӣ кардааст.

Зиёда аз 500 омӯзгорони мактабҳои олӣ дар кори комиссияи озод баҳри интихоби идроргирандагон ва лоиҳаҳо аз рӯи сифат ва меъёри комёбии дархостҳо ширкат меварзанд .

Ба воситаи ҷудокунии идрорҳо ба шахсони воқеӣ ва дастгирии ҳамкориҳои байни муассисаҳои илмӣ DAAD қариб 90 сол дар шабакаи илмие қарор дорад, ки ландшафти маориф ва илми Олмонро бо ҷамъияти илмии ҷаҳонӣ мепайвандад.

Маркази иттилоотии DAAD дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Сафоратхонаи Олмон дар Душанбе вазифаҳои марказии сиёсати фарҳангӣ, илмӣ, маориф ва рушди хориҷиро дар Тоҷикистон иҷро мекунад.

DAAD аввалин лекторро соли 1997 ба Душанбе фиристод. Ҳавасу таваҷҷӯҳи зиёди аҳолӣ водор кард, ки соли 2004 дар пойтахти давлат Маркази иттилоотии DAAD кушода шавад. Аз соли 2005 тими DAAD бо дастгирии ассистентҳои забон ва аз соли 2011 бо дастгирии волонтёрҳои барномаи Вазорати корҳои хориҷӣ »kulturweit« (фарҳанги беҳудуд) устувортар шуда истодааст.


Лекторҳо ва роҳбарони Маркази Иттилооти DAAD:

2015 - то имрӯз  Никола Фёрингер
2011 - 2015        Артур Рапп
2005 - 2011        Кай Франке
2001 - 2005        Винфрид Берндт
1997 - 2001        Кристиан Райхард


Вазифаҳои мо:

• Машварат доир ба таҳсил ва тадқиқот дар Олмон
• Ташкил ва гузарондани чорабиниҳои иттилоотӣ оиди имкониятҳо таҳсил дар Олмон
• Иштирок дар ярмаркаҳои таълимӣ
• Идораи барномаҳои идрорӣ
• Тайёрии идроргирандагони DAAD, ки барои таҳсил ба Олмон сафар доранд
• Дастгирии робитаҳои мустаҳкам байни хатмкунандагони барномаҳои DAAD (Alumni)
• Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Тоҷикистон
• Ҳамкорӣ бо муассисаҳои миллӣ ва байналхалқии таълимӣ
• Гузарондани семинарҳо ва мактабҳои тобистона
• Дастгирии омӯзиши забони олмонӣ дар мактабҳои олӣ
• Ташкили чорабиниҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забони олмонӣ
• Гузаронидани санҷишҳои TestDaF, onDaF ва TestAS
• Таъмини китобхона бо маводи таълимӣ, махсус, бадеӣ ва инчунин бо филмҳои олмонӣ

Муфассалтар дар бораи фаъолияти мо...

Links























Ба хабарномаи мо
обуна шудан мехоҳед
?
Бо мо тамос гиред:  
newsletter@daad.tj