DAAD | Забони олмонӣ
  DAAD Informationszentrum Duschanbe Tajikistan
 



DAAD IC Dushanbe



 
Забони олмонӣ Home


Омӯзиши забони олмонӣ дар Олмон


Институти Гёте
Институтҳои Гёте дар Олмон курсҳои омӯзиши забони олмониро махсус барои донишҷӯён ва довталабони хориҷӣ пешниҳод менамояд:
- Курсҳои тайёрӣ барои таҳсил дар донишгоҳи олмонӣ
- Курсҳои тайёрӣ ба имтиҳонот аз забони олмонӣ(TestDaF, DSH, ZOP)аз рӯи ҳамаи дараҷаҳои забондонӣ
- Машварат оиди таҳсил
- Барномаи васеъ бо машғулият ва экскурсияҳои фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва варзишӣ
Маълумоти муфассал таҳти ин сомона.

Мактабҳои тобистона
Мехоҳед тобистон дар яке аз донишгоҳҳои Олмон забони олмонӣ биомӯзед ва ҳамзамон бо фарҳанги сарзамини Олмон шинос бишавед? Пас барои иштирок дар яке аз мактабҳои тобистона дар Олмон худро ба қайд гиред.
Маълумоти муфассал оиди мактабҳои тобистона таҳти ин сомона дарёфт мекунед.

Мактабҳои забономӯзӣ
Мактабҳои ғайридавлатӣ низ курсҳои интенсивии омӯзиши забони олмонӣ пешниҳод менамоянд.
Рӯйхати чунин мактабҳоро аз сомонаи Fachverbandes Deutsch als Fremdsprache дастрас намудан мумкин аст.


Омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон



Курсҳои забони олмонӣ дар Душанбе
SLZ - Маркази омӯзиши забони олмонӣ
кӯчаи Советӣ 107
734001 Душанбе
Тел.: +992 37 2274002
info@slz-duschanbe.org
www.slz-duschanbe.org



Курсҳои забони олмонӣ дар Хуҷанд
Arkon - Маркази забономӯзӣ
20-квартал, Коҳи матбуот
735700 Хуҷанд
Тел.: +992 92 9011010; +992 48 7004868
info@arkon.tj
www.arkon.tj



Курсҳои забони олмонӣ дар Хоруғ
UCA - Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази омӯзишӣ
кӯчаи Ленин 90
736000 Хоруғ
Тел.: +992 3522 22277
SPCE.Khorog@ucentralasia.org
www.uca.tj


Омӯзиши забони олмонӣ дар интернет

DAAD маълумоти худро оиди омӯзиши забони олмонӣ дар интернет васеъ намуд. Ин маълумот ба забони олмонӣ таҳти www.deutsch-lernen.net ва ё ба забони англисӣ таҳти www.learn-german.net дастрас аст. Агар Шумо ба воситаи интернет забони олмониро омӯхтан хаҳед, донишатонро сайқал доданӣ ё санчиданӣ бошед, пас ин сомонаҳо махсус барои Шумоянд. Инҷо Шумо метавонед онлайн курсҳо, маводҳои таълимӣ ва форумҳои зиёдеро пайдо намоед.

DUO - Deutsch-Uni-Online
Курсҳои забони олмонӣ барои ҳама дараҷаҳои забондонӣ, ки махсус барои хориҷиёне тартиб дода шудаанд, ки дар Олмон таҳсил ва тадқиқоти худро давом додани ҳастанд. Илова бар ин, низ курсҳои тахассусӣ ва касбӣ аз соҳаҳои гуногун пешниход карда мешаванд.

Deutsche Welle
Мавҷи Олмон онлайн-курсҳои ройгон, аудиомавод, машқҳои гуногун барои омӯзиши забони олмонӣ ва ахбороти навинро пешниҳод мекунад.

Deutsch lernen - Service der BBC
Тестҳои санҷиши забондонӣ, курсҳои худомӯзӣ, аудиомавод ва машқҳо барои омӯзиши забони олмонӣ

Dialang
Барномаи ройгон барои омӯзиш ва санҷиши дониш аз 14 забони аврупоӣ. Баъди санҷиши кӯтоҳ имконияти санҷиши мукаммал аз шунавоӣ, калимадонӣ, грамматика, хониш ва навиштан дастрас аст.

Euromobil
Курси ройгони омӯзиши забони олмонӣ.

VitaminDE
Маҷаллаи омӯзишӣ барои хонандагони ҷавон аз давлатҳои муштаракулманофеъ.

International Tandem Network
Инҷо Шумо метавонед тавассути муошират бо одамон аз тамоми дунё забондониатонро мукаммалтар гардонед.

Таҳти сомонаҳои зерин маълумоти муфассал оиди забон ва адабиёти олмонӣ ва олмоншиносӣ дар донишгоҳҳои Олмон дастрас аст:

Internet Handbook of German Grammar
Online-Verzeichnis der Hochschulgermanistik
Projekt Gutenberg - Deutsche Literatur online


TestDaF - Test Deutsch als Fremdsprache

TestDaF – тести забони олмонӣ ҳамчун забони хориҷӣ – санҷиши забондонӣ барои ҳамаи ононе, ки забони олмониро ба дараҷаи хеле хуб омӯхтаанд ва онро санҷиданӣ ҳастанд. Сертификати TestDaF ҳамчун тасдиқнома оиди дониши хуби забони олмонӣ ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Олмон талаб карда мешавад.

TestDaF дар 96 давлати ҷаҳон дар марказҳои тестии дорои лисензияи расмӣ гузаронида мешавад.
Дар Тоҷикистон TestDaF-ро дар Маркази Иттилоотии DAAD супоридан мумкин аст.

Санаҳои имтиҳонот
Тайёрӣ ба тест
Маълумоти муфассал...


TestAS - Test für Ausländische Studierende

TestAS - тест барои довталабони хориҷӣ - имтиҳоноти марказӣ ва стандартикунонидашудаи санҷиши дониши умумӣ барои донишҷӯён ва довталабони хориҷӣ мебошад. TestAS ба довталабони хориҷӣ имконият медихад, ки мавқеи худро нисбат ба дигарон муайян кунанд. Ба ғайр аз ин, сертификати TestAS имконияти дохилшавиро ба донишгоҳҳои Олмон баланд мебардорад.

Дар Тоҷикистон TestAS-ро дар Маркази Иттилоотии DAAD супоридан мумкин аст.

Санаҳои имтиҳонот
Намунаҳои тест
Маълумоти муфассал...



onDaF - Online-Einstufungstest Deutsch als Fremdsprache


Бо тести onDaF ҳар нафаре, ки забони олмониро меомӯзад метавонад дараҷаи забондонии худро муайян кунад - тез, осон ва аниқ:
Тести onDaF аз бақайдгирӣ то дастрас намудани сертификат ба воситаи интернет гузаронида мешавад. Натиҷаи тест ҳамзамон бо хатм намудани тест маълум мегардад ва дар асоси стандарти аврупоии дараҷрҳои забондонӣ - аз A2 то C1 баҳо дода мешавад. Сертификати onDaF ҳангоми интихоби курсҳои мувофиқ ва ё ҳангоми тайёрӣ ба TestDaF ёрӣ медиҳад.

Дар Тоҷикистон onDaF-ро дар Маркази Иттилоотии DAAD супоридан мумкин аст. Бо мо тамос гиред, агар дар тест иштирок кардан хоҳед.

Намунаи тест
Маълумоти муфассал...

Links























Ба хабарномаи мо
обуна шудан мехоҳед
?
Бо мо тамос гиред:  
newsletter@daad.tj